Дар толори Идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси Ширкати “Барқи тоҷик” Ғолибшоҳ Убайдзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар,  кормандон ва собиқадорони соҳа Рӯзи энергетика ва 25 солагии таъсисёбии Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷлил карда шуд.

Дар баробари дигар меҳмонони чорабинӣ ҳамчунин Аминҷон Шарифзода муовини Раиси Кумиҷрояи ҲХДТ дар вилояти Суғд кормандони соҳаи таъминоти барқро бо иди касбӣ ва 25 солагии таъсисёбии Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз номи ҳизбиён табрику таҳният намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз  ҷониби кумиҷроияи ҳизб як нафар ва аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд се нафар  кормандони  соҳа бо  сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдони гардиданд.