Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ “Инқилоб” дар назди Кумитаи маҳаллаи "Тути калон" маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натичагирӣ аз фаъолияти соли 2020 ва вазифагузорӣ барои соли 2021 бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева баргузор гардид.

Сараввал ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ шунида шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оиннома ва одобномаи ҳизбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия ибтидоии ҳизбӣ ва баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳама кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас Шарифзода Аминҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҷеъ ба фаъолияти кории натиҷабахши КИИ “Инқилоб”, дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.