Ба ифтихори фарорасии Наврӯзи Аҷам, айёми баробаршавии шабу рӯз, рамзи рӯшноиву сарзабзӣ дар Ташкилоти ибтидоии Кумитаи маҳаллаи     “Шарқ”-и  Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

             Суфраи наврӯзӣ, ки аз ширинӣ, оина, шамъ, гул, сабза, оташ, мушку анбар оро дода буд, мунаъкиси фаровонӣ, файз ва нусрати бешумори диёр маҳсуб меёфт.

            Сиёсати пурбори Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маъруфияту хиради азалии ниёгон, инсондӯстиву инсонгароӣ, хайрхоҳиву хайрандешӣ сарчашма мегирад, барнома ва ҳадафи асосии чорабинӣ ба шумопр мерафт.

            Ҷонибдорӣ аз нуктаҳои зикргардида намояндаи Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева Муҳаббат иштирокдорони чорабиниро бо Наврӯзи дилфурӯз шодбод гуфта, тӯфаҳои идона супорид ва иброз дошт, ки Наврӯз ифодакунандаи шукуҳу шони кишвари озоду озодаи Тоҷикистон аст.

           

       Қадами Наврӯзи хуҷастапайро шодбош мегӯем!